ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Русия Вероника Скворсова ба як мусофири ҳавопаймо, ки ҳангоми парвоз аз Маскав ба Тошканд аҳволаш бад шудааст, кӯмак расонид. Дар ин бора Вазорати тандурустии Русия хабар додааст.
"Пас аз ним соати парвоз саршини ҳавопаймо эълон кард, ки аҳволи мусофире бад шудаасту агар байни мусоифирон пизишке бошад, кӯмак кунад. Вазири тандурустӣ дар ҳол ба кӯмаки зани узбакистонӣ шитофтааст", - менависад РИА Новости аз қавли намояндаи вазорат.
Ин бори авал нест, ки Скворсова дар ҳавопаймо мусофиронро наҷот медиҳад. Ӯ соли 2016 низ ҳангоми парвоз ба Ню-Йорк як мусофирро аз сактаи мағзи сар наҷот дода будааст.
Ҳамчунин вазир дар маҷлисҳои ҳукуматӣ низ ба мансабдороне, ки аҳволашон бад мешудааст, кӯмак кардааст.
Чунончи, соли 2013 ҳангоми маҷлиси Шӯрои давлатии Русия аҳволи корманди маъмурияти президенти Русия бад мешавад, Скворсова ба кӯмаки ӯ мешитобад.
Вазири тандурустии Русия бо сафари дурӯза ба Узбакистон рафтааст. Ӯ рӯзҳои 6-7 март дар Тошканд мемонад.
Дар назар аст, ки Русия дар Узбакистон маркази тиббӣ ва филиалҳои яке аз донишгоҳҳои тиббии Русияро ифтитоҳ кунад.