Раёсати мусалмонон: то соли 2050 панҷоҳ дар сади аҳолии Русия мусалмон мешаванд

© Sputnik / Александр ВильфПредседатель Совета муфтиев России Равиль Гайнутдин, архивное фото
Председатель Совета муфтиев России Равиль Гайнутдин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи рӯҳонии Русия, то соли 2050 шумораи мусалмонон дар кишвар зиёд шуда, 50 дар сади аҳлиро ташкил хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Раиси Шӯрои муфтиҳои Русия Равил Ғайнуддит мегӯяд, ки аллакай баъди 15 сол ҳиссаи мусалмонони аҳолии Русия то 30 дар сад меафзояд.

Дар ин бора муфтӣ дар рафти ҳамоише дар Госдума гуфтааст.

Ба гуфтаи вай, ин пешбинӣ дар асоси таҷрибае, ки Русия дорад, дар назар аст.

"Мисол, соли 2018 дар Маскав дар рӯзи иди Қурбон, бино бар иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бештар аз 320 ҳазор мусалмон ба намози ид рафтанд. Ин шумора сол то сол зиёд мешавад", - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали роҳбари Раёсати мусалмонони Русия Дамир Мухетдинов таъкид кардааст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон, то соли 2050 панҷоҳ дар сади аҳолии Русияро мусалмонон ташкил хоҳанд дод.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки таваллуд дар минтақаҳои мусалмоннишини Русия рӯ ба афзоиш аст ва бештари муҳоҷирон низ аз кишварҳои мусалмонианд.

Дар ҳамин ҳол, нуктаи мусбат дар ин вазъият дар он аст, ки фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия таълими хуберо хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0