Парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини Истаравшан баъди латукӯби ҷавони 20-сола

© PixabayПохмелье, архивное фото
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷангу ҷанҷол дар ҳолати мастӣ дар яке аз ошхонаҳои Истаравшан хабар додааст, ки дар пайи он нисбати гумонбари асосӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, милисаҳои шаҳри Истаравшан ҳангоми бозҷӯӣ ҷавони 20-солеро дастгир карданд, ки ба қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам мешавад.

"Номбурда, рӯзи 3-юми марти соли 2019, тахминан соати 18:40-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар ошхонаи шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 20-солаи сокини деҳаи Боғкалони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.

Работа маршрутных такси, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ошкор шудани мастӣ ва “баднафсӣ”-и ронандаҳои мусофирбарҳо дар Душанбе

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Пештар марде дар шаҳри Турсунзода барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсар дар ҳолати мастӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Муҳаммад Тошеви 56-сола, ки пештар зиндон шуда, авф шуда будааст, дубора даст ба ҷинояти вазнин задааст.

"Ӯ 4 октябри соли 2018 тахминан соати 01 шабона дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматии худ, аз ҳисиёти рашк ба  қисмати поёни соқи пойи ҳамсараш Умарова Гулбаҳор Холдоровнаи 33-сола, ки хоб будааст бо табар як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа пойи охирон аз баданаш ҷудо шудааст", - тавзеҳ дода буд Додситонии кулли Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0