Марҳилаи дуюми бозсозии “Қайроққум” оғоз мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители Рогунской ГЭС
Строители Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дувумин марҳилаи бозсозии нерӯгоҳи “Қайроққум”-и Тоҷикистон оғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ширкатҳои General Elecktric Hydro-и Фаронса, General Elecktric Renewadle-и Шветсария ва Cobra Instalaciones Servision SA-и Испания муштаракан бозсозии ин нерӯгоҳро анҷом хоҳанд дод, гузориш додааст ТоҷикТА аз қавли Вазорати энержии Тоҷикистон.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз сармоягузорони тарҳи бозсозии нерӯгоҳи Қайроққум мебошад.

Арзиши кулли ин тарҳ 196 миллион доллар аст. Дар ҳоли ҳозир созишнома барои ҷудо кардани 159 миллион доллар ба имзо расидааст. То поёни моҳи июн асноди ихтисоси сармоягузории боқимонда имзо хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0