"Фармон аз боло: интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 2 ва NGN 10 баробар гарон мешавад"

© Pixabay / TeroVesalainen Сотовый телефон, архивное фото
Сотовый телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гигабайт интернети мобилӣ на камтар аз 62 сомонӣ арзиш хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо супорише аз опреторҳои мобилии Тоҷикистон дархост кардааст, ки арзиши 1 мегабайт интернетро дар кишвар на кам аз 5 дирам ва дақиқаи зангҳои хориҷӣ, аз ҷумла NGN- алоқаро 1 сомонӣ, бе ҳисоби андозҳо, муайян кунад. Дар бора расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бино бар иттилои манобеъ, фармоиши нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ "Дар бораи тарофаҳои алоқаи барқӣ" 4 марти соли 2019 ба имзо расидааст ва аз 27 март амалӣ мешавад.

"Бо мақсади таъмини суръати лозимаи интернет аз ҷониби опреторҳои мобилӣ арзиши 1 мегабайт интернет на камтар аз 0,05 сомонӣ (бе ҳисоби андозҳо)" муайян карда шавад", - гуфта мешавад дар фармоиш.

Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини Бег Сабур: NGN дар Тоҷикистон то бартараф кардани камбудиҳо қатъ мемонад

Агар, феълан як гигабайт интернети операторҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудудан 30-35 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас аз 27 март он на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо ҳисоби андозҳо бошад, тақрибан 62 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки интернет ду маротиба гарон мешавад.

Хадамот дар фаромоишоташ ҳамчунин талаб кардааст, ки арзиши зангҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тариқи NGN гарон карда шавад.

"Арзиши зангҳои баромад ба кишварҳои хориҷ ба воситаи технологияи навин, аз ҷумла ба воситаи NGN на камтар аз 1 сомонӣ муайян карда шавад", - гуфта мешавад дар фармоишот.

"Феълан дақиқаи сӯҳбат ба воситаи мессенҷерҳои "Чӣ гап?", "МобиГап", "Мегафон Лайф" ва "Салом" аз 10 то 20 дирамро ташкил медиҳад. Мувофиқи фармоиши нав дақиқаи сӯҳбат тариқи ин мессенҷерҳо бе ҳисоби андоз 1 сомониро ташкил медиҳад, ки ба зангҳои бевоситаи байналмилалӣ баробар аст", - менависанд расонаҳои Тоҷикистон аз қавли ширкатҳои мобилӣ.

Яъне сӯҳбатҳо тариқи NGN 10 баробар гарон хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0