БДА исми 3 зан ва 47 марди ҷаримагурезро ошкор кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкИнспектор ГИБДД, архивное фото
Инспектор ГИБДД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанадаҳои ҷаримагурез аз 3 то 40 маротиба қонуншиканӣ намуда, маблағи ҷаримаро напардохтаанд

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод,  рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Дар ин рӯйхат исми 50 ронанда, аз ҷумла се зани ронанда низ дида мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, аз пардохти ҷарима сарпечӣ кардаанд.

Ҳамин тавр, БДА ба Шамсия Гадоева, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи Опел-Астра ҳушдор додааст, ки маблағи 38 ҷаримаро пардохт кунад. Мавзуна Исмоилова як сокини дигари пойтахт 5 маротиба ҷаримагурезӣ ва Ситора Саторова 18 маротиба қонуни ҳаракат дар роҳро вайрон ва ҷаримаро пардохт накардааст.

Аз ҳама ронандаи "пешсаф" дар ин рӯйхат Шарифов Фаридун мебошад, ки 40 маротиба қонуншиканӣ кардаастю

Бо рӯйхати пурра метавон аз вебгоҳи ВУД шинос шуд. БДА ба ронандагони ҷаримагурез ҳушдор медиҳад, ки ҷаримаро пардохт кунанд.

Лентаи хабарҳо
0