ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии ВМКБ №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, иттилоъ додааст ожонси “Ховар”.
Дар ин росто, масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар ҳавзаи мазкур интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда баргузор гардид.
Дар ин росто Ёдгор Файзовро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.