Муҳаммад бо табар пойи ҳамсарро аз тан ҷудо кард

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои тафтишрот, мард ҳангоме, ки ҳамсараш хоб буд, дар ҳолати мастӣ табарро гирифта, ба соқи пойи ахирон чунон мезанад, ки аз тан ҷудо мешавад. Мардро барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба 8 соли зиндон маҳкум карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Марде дар шаҳри Турсунзода барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсар ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммад Тошеви 56-сола, ки пештар зиндон шуда, авф шуда будааст, дубора даст ба ҷинояти вазнин задааст.

"Ӯ 4 октябри соли 2018 тахминан соати 01 шабона дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматии худ, аз ҳисиёти рашк ба  қисмати поёни соқи пойи ҳамсараш Умарова Гулбаҳор Холдоровнаи 33-сола, ки хоб будааст бо табар як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа пойи охирон аз баданаш ҷудо шудааст", - тавзеҳ медиҳад додситонӣ.

з рӯи ин ҳолат нисбати Тошев М.Ҷ. бо моддаи 110 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Турсунзода ирсол карда шудааст.

11 январи соли 2019 бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Тошев М.Ҷ. дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0