Ҷопон ба Талбак Назаров орден дод

Обуна шудан
Академики тоҷик Талбак Назаров соҳиби мукофоти давлатии Ҷопон шуд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҳукумати Ҷопон собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, раиси Фонди хайрияи Тоҷикистон академик Талбак Назаровро бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кард, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷопон Назаровро барои "саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва  Япония бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонид".

"Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока зимни суханронии худ ба нақши академик Талбак Назаров дар густариши дипломатияи тоҷик ва рушду нумӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон Ҷопон баҳои баланд дода, иброз намуд, ки Ҳукумати Япония бо дарназардошти ҳамин хизматҳои Талбак Назаров тасмим гирифт, ки ба ӯ Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I-ро тақдим намояд. Сафир дар вазъияти тантанавӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷопон орден ва шаҳодатномаи онро, ки аз ҷониби Императори Япония Акихито имзо шудааст, ба Талбак Назаров супорид", - менависад манбаъ.

Посол Казахстана Нурлан Сейтимов вручил экс-министру иностранных дел РТ Талбаку Назарову медаль имени Назира Тюрякулова - Sputnik Тоҷикистон
Талбак Назаров собиқ вазири коҳои хориҷаи Тоҷикистон соҳиби медали Қазоқистон шуд

Талбак Назаров арбоби давлатӣ, иқтисодчӣ, дипломати тоҷик 15 марти соли 1938 дар ноҳияи Данғара зода шудааст.

 Талбак Назаров дар ду самти фаъолият – ҳам олимиву омўзгорӣ ва ҳам ба ҳайси ходими давлатӣ дар таърихи нимасраи Тоҷикистони муосир як падидаи муҳим ба шумор меравад, аз он ҷиҳат, ки ҳам дар илм ба маснади академикӣ расида, дар сиёсат бошад, бунёдгузори дипломатияи даврони истиқлолият эътироф шудааст.

Дар соли 1953 дар синни 15-солагӣ Талбаки наврас ба техникуми молиявию иқтисодии Сталинобод дохил шуда, соли 1956 онро хатм мекунад. Солҳои 1956-1960 дар Донишкадаи молиявию иқтисодии шаҳри Ленинград таҳсил карда, аз ҳамон сол, яъне соли 1960, ки ҳамчун ассистент дар кафедраи муҳосиба ва омори факултаи иқтисодӣ қабул шуда буд, то соли 1988 бо донишгоҳ ҳамтақдир буд. То соли 1972 муаллими калон, мудири кафедраи молия ва қарз, ҷонишини декан, проректори шуъбаи шабона, солҳои 1976-1982 декани факултаи иқтисодӣ буд.

Солҳои 1982-1988 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1965 рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро дар мавзуи "Мушкилоти усулҳои молиявии ҳавасмандкунии прогресси техникии соҳаи саноат" дар шаҳри Ленинград ҳимоя кардааст.

Соли 1975 дараҷаи илмии доктори илми иқтисод ва баъди як сол унвони илмии профессориаш тасдиқ мегардад. Солҳои 1980-1990 депутати Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва солҳои 1991-1992 депутати халқии СССР буд. Солҳои 1980-1982 раиси Шўрои омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Ба ҳайси Раиси Шўрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982-1988) фаъолият бурдааст. Солҳои 1986-1988 Раиси Шўрои Олии РСС Тоҷикистон буд. Солҳои 1988-1991 дар вазифаи вазири маорифи халқи РСС Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1990-1991 ҷонишини якуми раиси Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси  Госплан буд. Ҳамчунин Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1988) мебошад.

Баъди 28 соли фаъолият дар Донишгоҳи миллӣ ба ҳайси вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, ҷонишини аввали раиси Шурои вазирон – Раиси Кумитаи давлатии банақшагирӣ, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1991 узви ҳақиқии АИ Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии макотиби олӣ интихоб шудааст.   Солҳои 1991-1994 ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ буд.

Премьер-министр Японии Синдзо Абэ и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Имзои 7 созишномаи нави ҳамкорӣ бо Ҷопон

Аз соли 1994 ба сатҳи баланди сиёсат даъват шуда, як муддат роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва тўли 12 сол (солҳои 1994-2006) Вазорати корҳои хориҷиро сарварӣ кардааст. Рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва профессори фахрии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Чинро дорост.

Яке аз хидматҳои бузурги Талбак Назаров он аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон солҳои 1996-1997 ҳайати ҳукуматиро сарварӣ мекард. Хидматҳои бошарафонаи ин фарди равшанзамир бо орденҳои "Ситораи Президенти Тоҷикистон" (1998), "Дўстӣ" (1999), "Нишони фахрӣ" (1976), "Дружба" (2007, аз ҷониби Федератсияи Русия), "Салиби ёқутӣ"- и Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони садсола"- и Русия (2005), 6 медал ва даҳҳо ифтихорномаҳо қадр шудааст. Солҳои 2008-2013 раиси Хазинаи ҷумҳуриявии хайриявии Тоҷикистон буд.

Мавсуф муаллифи 208 асари хурду бузург аст, ки дастикам 10-тои онро рисолаҳои пурмуҳтавои илми иқтисод ташкил медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0