Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё: иқтисоди Тоҷикистон осебпазир аст

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкСотрудница следит за котировками на бирже в Санкт-Петербурге. Архивное фото
Сотрудница следит за котировками на бирже в Санкт-Петербурге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё эълом кард, иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ бисёр осебпазир аст

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik.  Ҳайати Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё ба Тоҷикистон сафар кард ва бо мақомоти иқтисодии ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом дод, иттилоъ додааст дар сомонаи расмиаш Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё.

Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: Тоҷикистон сатҳи камбизоатиро ду баробар коҳиш дод

Ҳайати Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё бо мақомоти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, об ва захоири энержӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон мулоқот намуда, дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар намуданд.

Дар поёни ин музокирот таъкид шуд, ки бо вуҷуди кумакҳои молии 70 миллиондолларии Сандуқи Рушд ва Суботи АвруОсиё дар соли 2010 ва 40 миллион доллари ин ниҳод дар соли 2015 ба Тоҷикистон, авзои иқтисоди ин кишвар ҳамчунон дар баробари омилҳо ва буҳронҳои молии дохилӣ ва хориҷӣ осебпазир аст.

“Аз ин рӯ, мақомоти Тоҷикистон бояд барои анҷоми ислоҳоти асосӣ дар низоми бонкӣ, коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ, эътои тасҳилот ба бахш хусусӣ ва беҳбуди шароити сармоягузории хориҷӣ иқдом кунанд. Зеро бидуни амалӣ шудани ин барномаҳо рушди иқтисоди Тоҷикистон дар оянда ғайриқобили тасаввур аст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Қаблан Бонки Рушди АвруОсиёи вобаста ба ин сандуқ эълом карда буд, ки ба далели амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар қиболи ислоҳоти мавриди назари ин бонк, кумаки молии 20 миллиондолларӣ барои ҳимоят аз буҷаи давлати ин кишвар дар соли 2019 - ро қатъ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0