535 тоҷик шаҳрвандии Қирғизистонро интихоб карданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкКыргызский паспорт
Кыргызский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон фармони пазириши тобеияти ин кишварро барои 884 нафар аз шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳо имзо кард, ки 535 нафар аз онон зодагони Тоҷикистон будаанд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории Parstoday, аксари ин афрод қирғизтаборҳои сокини ноҳияҳои Лахш, Мурғоб ва Исфара ҳастанд, ки ба тобеияти кишвари ҳамсоя даромадаанд.

Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон
Сафир: гирифтани шаҳрвандӣ барои хатмкунандаҳои макотиби Русия метавонад осон шавад

Гуфта мешавад, ки ин афрод чанд соле аст, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафта ва акнун муваффақ ба касби тобеияти ин кишвар шудаанд. Теъдоде аз ин афрод гуфтаанд, ки шароити кору зиндагӣ ва бавижа фаъолиятҳои бахши хусусӣ дар Қирғизистон дар муқоиса бо Тоҷикистон беҳтар аст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Кумитаи давлатии омори Русия эълом кард, ки дар соли 2018 наздик ба 31 ҳазору 31 тоҷикистонӣ муҷаввизи иқомати доим дар ин кишварро дарёфт кардаанд, ки бесобиқа аст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ дода буд, ки дар соли 2017 беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0