ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Бахтиёр Арабов, директори “Гардуна” бо маслиҳати пешакӣ бо муовинаш Рустамов Тоҳир Аскарович, сармуҳосиб Хушқадамова Тоус Муборакқадамовна ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия Васлав Скоҳоутил ба ивази маблағ ба 36 шаҳрванд ҷои кор дар Чехия ваъда дода, иҷро накардаанд. Феълан назари ҷониби айбдоршавандаҳо дар мавриди ин иттиҳом маълум нест.
Ин ниҳод яке аз ҷабрдидагонро Собиров Собир Алиназарович ном бурд, ки масъулини муттаҳами “Гардуна” аз ӯ гӯиё барои таъмини ҷойи кор дар Чехия 1320 доллар гирифта, зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ Арабов, Рустамов, Хушқадамова ва Васлав Скоҳоутил ба боварии 36 шаҳрванди дигар даромада, аз онҳо 32 ҳазору 210 доллар ва 101 ҳазору 538 сомонӣ гирифта, ваъдаашонро иҷро накарданд.
Ожонси зидди фасод афзуд, ки феълан алайҳи Арабов, Рустамов, Хушқадамова ва Васлав Скоҳоутил бар асоси моддаи 247, барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.