ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Қосимов Ҳикматулло солҳои 2017-2018 дар сомонаи иҷтимоӣ матолиби хусусияти экстремистидошта, аз қабили “Ҷашни 8 март ҷойиз нест, зеро ин ҷашн моли олами Ғарб аст ва бино ба баъзе гуфтаҳо баъзе занҳо дар Мовароуннаҳр пас аз шикасти ҳукумати исломӣ ҳиҷобсӯзонӣ кардаанд”-ро дар саҳифаи худ ҷой додааст.
“Инчунин Қосимов иддаои “Ҷашни 23 феврал, ҳамчунин, аслу эътиқоди динӣ надошта, ҷоиз набуда, ҳаром мебошад”, “Рӯзи саиди ҷумъа муборак, бидъат аст”, “Ҳар шахсе, ки дар бораи ҷиҳод намеандешад ва даъвати ҷиҳодро шунида, дар кишвар хоб меравад, ӯ як тарсу аст ва бародари мусалмон намебошад”-ро аз манбаъҳои гуногуни сомонаи интернетии “Одноклассники” пайдо намуда, дуруст ва асоснок шуморида, дар саҳифаи интернетии худ ҷой намудааст. Бо ин роҳ дар байни 108 нафар дӯсти интернетӣ кинаву адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ барангехтааст”, - иттилоъ додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли муовини раиси Додгоҳи олӣ.
Манбаъ афзуд, ки Қосимов Ҳикматулло дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо номи рамзии “Ҳикмати Аллоҳ Мақсуду” саҳифа кушода, нигоштаи хусусияти экстремистидоштаро нашр кардааст.
Ба иттилои додгоҳ, Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, матолиби аз суроғаи интернетии “Одноклассники”-и Ҳикматулло ёфтшударо мансуб ба иттиҳоди экстремистии равияи динии “Салафия” ва ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” мансуб дониста, хулоса додааст, ки дар онҳо аломатҳои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, нажодӣ мавҷуд мебошанд.
Додгоҳи Хатлон таъкид кардааст, бо назардошти он, ки Қосимов бори аввал ҷиноят содир кардаасту дар тарбияаш як фарзанди ноболиғ дорад, ӯро ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.