ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи эълони IRS, ки субҳи имрӯз дар саҳифаи интернетии ширкат нашр шуд, бинобар барфрезии шадид ва тармафароиҳо ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан боздошта шуд.
“Айни замон бартарафсозии тармаҳо идома дошта, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳар чӣ зудтар таъмин карда шавад” – омадааст дар эълони IRS.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи гузашта низ ширкати мазкур эълон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудаст, аммо баъди зуҳр тариқи яктарафа роҳро кушод.
Бар асоси эълони нав, феълан роҳи Хуҷанд – Душанбе аз ду тараф барои ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт баста мебошад.