ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба "Обу корези Душанбе" барои кандани замин ва роҳи автомобилгард дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Гагарин ва Чашмасор иҷозат додааст. Ин нуқта дар қарори раиси шаҳр қайд мешавад. Гуфта мешавад, дар ин кӯчаҳа ва хиёбон корҳои сохтмонӣ ва васли қубурҳои калонҳаҷми оби нӯшокӣ дар назар аст.
Тавре дар санад таъкид мегардад, корҳои сохтмонӣ ва васли қубурҳои калонҳаҷми оби нӯшокиро дар хиёбони Рӯдакӣ -аз кӯчаи Гагарин то гардиш ба кӯчаи Чашмасор,ва кӯчаи Гагарин - аз даромади ҶДММ бозори "Варзоб" то назди бинои ҶДММ "Гулдаст" аз 01 то 15 марти соли равон идома хоҳад ёфт.
Рустам Эмомалӣ "Обу корези Душанбе"-ро вазифадор кардааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, пеш аз оғози корҳои сохтмонӣ нақшаи иҷрои корҳои сохтмониро бо Шуъбаи БДА дар Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе мувофиқа созад.
Дар назар аст, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои мазкур муваққатан қатъ шавад.
Ҳаракати нақлиёте, ки дар кӯчаҳои мазкур мегаштанд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян мешаванд.