ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар мавзӯи “Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва паёмадҳо” ҷамъомад баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷамъомад роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, кормандони соҳаи дин ва коршиносону ҷомеашиносон иштирок намуданд.
Манбаъ зикр таъкид намудааст, ки дар рафти ҷамъомад доир ба мавзӯоте чун омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар ва дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештаре миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар сурат гирифт.
“Чун тундагароии ба сӯи терроризм майлдошта, аз зумраи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ба шумор меравад, ин зуҳурот, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва садди роҳи рушду тараққии кишварҳост”, - афзуд манбаъ.
Ба ҳимин далел Кумита зарур иштирокдорони ҳамоиш, зарур донистанд, ки манбаъҳои шинохти омилҳои майли ҷавонон ба ифротгароӣ аз ҷониби таҳлилгарони дохилӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, шеваи бархӯрд бо ин зуҳурот мушаххасу дақиқ бошад.