Лолита тавзеҳ дод, ки чигуна муҳофизони Мирзиёев консерташро дар Тошканд "вайрон" карданд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкПевица Лолита
Певица Лолита - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лолита - овозхони рус чанде пеш дар Тошканд консерт баргузор кард. Ҳунарманд ба Sputnik дар бораи ноҷӯрие, ки дар консерташ дар Узбакистон ба миён омад, нақл кард ва аз оши палав ва меҳмоннавози узбакистониҳо тавсиф намуд
Лолита: узбекистанцы — удивительный народ, они не умею встречать плохо

"Ин воқеаи ҷудогонае буд. Мо танҳо ба назар нагирифтем, ки дар наздикӣ қасри президент ҷой гирифтааст ва чунин ҳодиса рух доданаш мумкин аст. Зеро ин дар торихи баромадҳоям бори аввал аст. Дар қақиқат бо таҷҳизотҳои ҳукуматӣ лаппиши дастгоҳ метавонад рост ояд. Агар дар ин бора пештар мегуфтанд, шояд илоҷашро меёфтем. Барои ҳамин мо як даҳ дақиқа аз ҳунарнамоӣ монда, ба сӯҳбат гузаштем", - тавзеҳ медиҳад ҳунарманд.

Дар ҳамин ҳол, Лолита аз меҳмоннавозии мардуми Тошканд ва оши палав тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд ба вай либосе ҳадя карданд, ки хело зебоянд.

Пештар зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл карда буд, ки дар рафти консерташ дар Тошканд балангӯякҳо якбора аз кор монданд, ки боиси вайрон шудани консерташ гашт.

Вай тавзеҳ дода буд, ки дар наздикии толори консерт қасри президент ҷойгир будаасту раисҷумҳур пас аз кор аз кӯча мегузаштааст. "Лаппиши хадамоти муҳофизони президент бо лаппиши дастгоҳи баландгӯяки мо рост омадааст, ки дар натиҷа балангӯякҳо аз кор мондаанд", - навишта буд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0