Ҷадвали таътили тоҷикистониён дар моҳи март

Обуна шудан
Имсол дар моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистонро истироҳатҳои доманадор интизор аст

Дар моҳи март сокинони кишвар истироҳати зиёд хоҳанд кард.

Масалан, Рӯзи модарон имсол дар рӯзи ҷумъа меафтад, ки мардум се рӯз пай дар пай метавонанд истироҳат кунанд. Инчунин аз 21 то 24 март дар Тоҷикистон иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Иди Наврӯз, ки ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад яке аз қадимтарин ҷашн дар дунё ба шумор меравад ва ба дини ислом ҳеҷ алоқае надорад.

Агар рӯзҳои ид ва истироҳатҳои расмиро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, моҳи март дар Тоҷикистон 15 рӯз истироҳат мекунанд:

 2, 3, 8, 9, 10, 16, 17, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 30 ва 31 март.

Рӯзҳои истироҳатии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар тасвирбаёни  Sputnik Тоҷикистон метавонед тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0