ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, Шаҳриёр Ҳабибов, хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев мебошад. Озмуни байналмилалии “Шоҳроҳи Абрешим” аз 23 то 27 феврал дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Манбаъ афзуд, ки Ҳабибов дар бахши навозиши асбобҳои торӣ – камонӣ соҳиби ҷои дуюм шуд.
Вазорат Ҳабибовро ҳамчун хонандаи фаъоли муассисаи зерсохтори вазорат тавсиф карда, афзуд, ки ӯ соли 2018 ғолиби озмуни “Хонандаи беҳтарини сол” ва яке аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Навозандагони ҷавон” гардида буд.