ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 27-уми феврал, тахминан соати 15:45 дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ рух дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Мусо Раҳимов, ронандаи 49-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба сӯи ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Холиев Муҳаммад Искандарович, соли таваллудаш 2013, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободро зер кардааст.
“Дар натиҷа, хурдсол Холиев Муҳаммад ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.