ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Имрӯз, 28 феврал таҳти раёсати раисҷумҳур ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози ҶТ” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ“Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки ҶТ”, муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.
"Дар бораи Номгӯйи молҳои аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” воридшаванда, ки аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Дар бораи Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода гузориш доданд", - менависад дафтари матбуотӣ.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ барои солҳои 2019-2021, Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҶТ, Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019 муҳокима гардид.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандҳои Паёми президент, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиӣ 30-солагии Истиқлолият вазифадор намуд.
Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кишту кори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, расонидани кӯмакҳои моддӣ ба эҳтиёҷмандон дар арафаи ҷашни Наврӯз ва ғайра дода шуданд.