Эмомалӣ Раҳмон ба Русия меравад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ва Тоҷикистон нақша доранд, ки бо иштироки сарони ду кишвар конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Русия меравад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе Михаил Кораблин.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар Русия конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар баргузор шавад.

Пештар Кораблин хабар дода буд, ки Русия омода аст, дар Тоҷикистон сохтмони маркази бузурги тиҷоратии яклухтро сармоягузорӣ кунад.

Ба гуфтаи Кораблин, феълан ҷонибҳо имзои созишномаи амаликунии ин лоиҳаро баррасӣ мекунанд.

"Умед дорем, ки имзои ин ҳуҷҷатҳо тӯл намекашад ва то сафари ҳайъати олии Тоҷикистон ба Русия дар моҳи апрел ба анҷом мерасад. Боварӣ дорам, ки амаликунии ин тарҳ ба ташкили содироти мунтазами маҳсулоти хоҷагии Тоҷикистон ба Русия мусоидат мекунад", - гуфт намояндаи тиҷории Русия.

"Дар семоҳаи аввали соли равон ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба нақша гирифта шудааст, ки дар кори он, мо умед дорем, сарони Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзанд, ки аҳамияти ин конфронсро бештар ва ҳамкориҳои ду кишварро наздиктар мекунанд", - афзуд вай.

Лентаи хабарҳо
0