Шоҳсанам Юлдошева дар озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ” Суғдро муаррифӣ хоҳад кард

© Мэрия города ХуджандаШохсанам Юлдашева победительница конкурса "Чакомаи Гесу" в Согдийской области
Шохсанам Юлдашева победительница конкурса Чакомаи Гесу в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳсанам Юлдошева ва дигар ғолибони даври вилоятии фестивал санаи 2-юми марти соли равон дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.  Дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фестивали мазкур ғолиби озмуни шаҳрии ин фестивал Шоҳсанам Юлдошева дар бахши “Ороиши мӯйбофии миллӣ” мақоми аввалро соҳиб гардида, ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” ба даст овард.

Манаъ хабар додааст, ки дар фестивали мазкур муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии фестивал ва бонувону духтарон иштирок намуданд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи фестивал-озмун насиби Шукрона Файзуллоева гардид.

Ҳамин тавр, дар бахши “Ороиши мӯйбофии миллӣ” Шоҳсанам Юлдошева, Азиза Каримова, Дилрабо Ҷӯраева, дар бахши “Ороиши замонавии мӯйи бонувон” Фарзона Иброҳимова, Мунира Баҳромзода, Маҳина Дадобоева, дар бахши “Гесӯи дарозтарин” Масъуда Ҳикматова, Ирода Муродова, Райҳона Юсупова, дар бахши “Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин” Роҳат Ғайбуллоева, дар бахши “Ороиши мӯйи кӯдакона” Шаҳноза Қурбонзода, дар бахши “Беҳтарин рассом” Абдуқаюм Хокироев ва дар бахши “Ороиши бадеии мӯй” Фирӯза Иномҷонова ғолиб дониста шуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ба ғолибони озмун туҳфаҳои пулии ҳукумати вилояти Суғд тақдим кард.

Таджички в национальных костюмах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Чакомаи гесу": дар Хуҷанд духтарону занони мӯйдароз ва зеборо ба ҷашнвора даъват мекунанд

Манбаъ таъкид намудааст, ки Шоҳсанам Юлдошева ва дигар ғолибони даври вилоятии фестивал санаи 2-юми марти соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” иштирок хоҳанд намуд.

Ёдрас мешавем, ки Фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ” бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0