Бино бар омори нави Хадамоти федералии омори (Росстат)-и Русия Украина аз ҳисоби шумораи муҳоҷирони кориаш дар Русия аз Тоҷикистон ақиб мондааст.
Украиниҳо бештар барои кор роҳи Аврупоро пеш гирифтаанд, барои тоҷикистониҳо бошад, ғайр аз Русия кишвари дигаре нест, мегӯяд коршиноси рус Вячеслав Поставнин.
Танҳо дар соли 2018 аз Тоҷикистон ба Русия 31 ҳазор муҳоҷир сафар кардаанд, аз Украина бошад - 14,8 ҳазор нафар.
Ин ҳам аз вазъи Украина ва ҳам фазои демогрфии Тоҷикистон вобаста аст, мегӯяд коршинос.
"Солҳои охир тариқи барномаи кӯчиши ҳамватанон 600 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд, ки онҳо гуреза набуда, муҳоҷирони меҳнатӣ буданд. Боқимондаҳо ба Аврупо рафтанд - ба Полша, Чехия, Маҷористон. Бино бар омори Полша дар кишвар наздики миллион шаҳрванди Украина кор мекунанд. Ҳоло ба Русия украиниҳо аз тоҷикистониҳо камтар сафар мекунанд. Тавре бармеояд, ба Тоҷикистон идораи селаи муҳоҷират мушкил аст", - гуфт Поставнин ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар кишвар ҳамасола 40-60 ҳазор нерӯи корӣ омода мешавад, аммо ҷойи кор ба маротиб камтар аст.