Аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунед: дархости 7 узви собиқи "Гурӯҳи 24 " аз додгоҳ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоде аз аъзои Гурӯҳи 24, ки довталабона аз хориҷ ба Тоҷикистон бозгаштаанд, ҳазфи номи ин созмонро аз феҳристи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ хостор шуданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", 7 нафар аз аъзои собиқи ин гурӯҳ, ки дар ду соли ахир довталабона аз хориҷ ба Тоҷикистон бозгаштаанд, бо ирсоли номае ба Додгоҳи Олии ин кишвар, бо таъкид бар ин ки ин созмон дигар таҳдиде алайҳи амнияти ин ҷумҳурӣ нест, ҳазфи номи онро аз феҳристи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ хостор шуданд.

Ин афрод қаблан бо эъломи хуруҷ аз узвияти Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон бозгашта ва афв шуда буданд.

Онон аз дигар аъзои гурӯҳи ёдшуда хостаанд, ки довталабона ба Тоҷикистон бозгарданд ва машмули афв шаванд. Ин афрод дар номаи худ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки қасд доранд дар фазои мусолиматомез дар кишвари худ зиндагӣ ва барои рушду пешрафти Тоҷикистон талош кунанд.

Гурӯҳи 24 дар соли 2012 дар Маскав аз сӯйи Умаралӣ Қувватов, фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон таъсис шуд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон номи ин созмонро дар октябри соли 2014 дар феҳристи гурӯҳҳои ифротӣ қарор дод.

Раҳбари ин гурӯҳ низ дар моҳи марти соли 2015 дар Истанбули Туркия ба қатл расид.

Ахиран Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ва аз масъулони пешини Гурӯҳи 24, ки дар Ҳоланд паноҳандагии сиёсӣ гирифта буд, сар аз Душанбе даровард ва бо интишори наворҳои видеоӣ бозгашти худро довталабона номид.

Аммо мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон дар хориҷ иддао мекунанд, ки вай дар Маскав рабуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Лентаи хабарҳо
0