
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ашхосе, ки бо шиносномаҳои то соли 2014, яъне намунаи аввал сим-корт харидорӣ намудаанд бояд аз нав сим-кортҳояшонро ба қайд бигиранд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон мустақилона танҳо баъди 18-солагӣ дар асоси шиноснома сим-корт харидорӣ менамоянд, аммо аз 16-солагӣ бо розигии хаттии волидайн ва ё парасторашон метавонанд ба номи худ сим-корт харанд.
Ҳамчунин сим-кортҳое, ки зиёда аз 6 моҳ истифода бурда нашудаанд, аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ба таври автоматӣ бекор карда мешаванд.
Хориҷиёне, ки ба Тоҷикистон меоянд метавонанд сим-корт харанд, аммо ин сим-корт то анҷоми муҳлати раводиди онҳо фаъол мемонаду халос.
Инчунин мувофиқи ин қарор шаҳрвандони Тоҷикистон бо номи худ танҳо то ду сим-корт ба қайд гирифта метавонанд.
Барои он, ки ба осони ва зуд ба қоидаҳои нав ошно шавед ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон нигаред.