Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи роҳи Душанбе-Чаноқ дидан намуданд

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмонон ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ осебпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо моҳият ва зарурати бунёди долонҳои иловагии зиддитармавӣ (галереяҳо) шарҳу тавзеҳ дода шуд.

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Имрӯз гурӯҳи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дидан намуданд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
IRS: интизор меравад, ки дар роҳи Душанбе - Хуҷанд реҷаи ҳаракат роҳандозӣ шавад

Манбаъ афзудааст, ки дар якҷоягӣ намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Авруосиё, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, САҲА ва  Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ — қитъаи Варзоб дидан намуданд.

Сафари мазкур бо ташаббуси вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва нақлиёти Тоҷикистон сурат гирифта, меҳмононро намояндагони ин вазоратҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Меҳмонон ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ осебпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо моҳият ва зарурати бунёди долонҳои иловагии зиддитармавӣ (галереяҳо) шарҳу тавзеҳ дода шуд.

“Ҳадафи асосии сафари имрӯза шинос намудани намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон бо вазъи мавҷудаи роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ ва минтақаҳои аз офати табиӣ осебпазири он мебошад”, - гуфтааст котиби матбуотии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон Далери Абдулло.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
Роҳкушоӣ бо баҳои ҷон: ҷасади корманди 63-солаи IRS пайдо шуд
Бояд гуфт, ки зимни сафар ба меҳмонон мавзеъҳои аз офатҳои табиӣ осебпазири роҳ нишон дода шуда, зикр гардид, ки ҳар сол дар натиҷаи тармафароӣ дар ин мавзеъ ҳаракати нақлиёт ба мушкилӣ мувоҷеҳ мегардад.

 “Ягона роҳи аз байн бурдани мушкилии мавҷуда - ин бунёди долонҳои зиддитармавӣ (галереяҳо) мебошад. Дар ин самт филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон якҷо бо мақомоти марбутаи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст”,- илова намуд Далери Абдулло.

Дар суҳбат гирди “мизи мудаввар”, ки дар интиҳои боздид доир гардид, муовини якуми Вазири нақлиёти Тоҷикистон, масъулини Ширкати IRS, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  оид ба масъалаи тармафароӣ, рӯх додани дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар мушкилоти ҷойдошта сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки имрӯз дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар он бунёди 55 долони зиддитармавӣ дигар зарур мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0