Муҳоҷириву шоирӣ: қиссаи Нусратулло Бобоев аз Тоҷикистон то Русия

© © из личного архива Нустратулло БобоеваНустратулло Бобоев
Нустратулло Бобоев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бештари муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия "даст ба ҳама кор мезананд", аслан нафарони боистеъдод ва босаводанд. Онҳо дар Тоҷикистон духтур, муаллим, ҳунарманду санъаткори хубе буданд, аммо...

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik, Марина Чернышова-Мельник. Нусратулло Бобоев - муҳоҷири тоҷикест, ки аз хурдӣ ошиқи шеъру шоирӣ аст. 

Чанд сол пеш Нусратулло низ аз рӯи ночорӣ барои дарёфти луқмаи лоямут ба Русия сафар кард. Ӯ дар ғарибӣ мушкилиҳои зиёдро паси сар кард, аввалҳо ошпаз шуда кор мекард, ҳоло фурӯшанда аст.

Муҳоҷири тоҷик агар лаҳзае вақти холӣ ёбад, шеър менависад.

Ашъори Бобоев ба муҳоҷироне наздик аст, ки мисли худаш дар Русия кор мекунанд.

Sputnik Тоҷикистон бо шоири "ғариб" ошно шуд ва аз ҳаёту эҷодиёташ пурсон гашт.

Ишқи Тоҷикистону шеър

Шоири оянда дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст.

"Даврони кӯдакиам хуб гузаштааст. Даврони беғамӣ буд. Ҳама фикру хаёлам дар таҳсил буд. Пас аз мактаб дар кӯча бозӣ мекардем. Аҷаб, вақти хуше доштем. Волидонам, шукри Худо дар қайди ҳаётанд", - мегӯяд шоир.

Вақте ки замони интихоби касб расид, ӯ касби муаллимиро интихоб кард. Бобоев, ки аз аввал ошиқи шеър буд, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба факултаи филология дохил шуд.

"Дар донишгоҳ ман бо донишмандону шоироне ошно шудам, ки пештар танҳо дар бораашон мехондам ё дар телевизион медидам.  Аз назмшиносӣ худи Фарзона (Иноят Хоҷаева) - Шоири мардумии Тоҷикистон дарс мегуфтанд. Наметавонам ҳатто бо сухан иброз кунам, ки он рӯзҳо ман то кадом андоза ифтихорманд ва хурсанд будам. Профессор Насриддинов (Худо раҳмат кунад), аз адабиёти классикӣ дарс мегуфтанд. Ҳамаи онҳоро дӯст медорам. Маҳз меҳнат ва дониши онҳо буд, ки нигоҳи ман ва шеъри ман тағйир ёфт", - афзуд вай.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир - шоир: генерал Раҳимзода фурсати шеърнависияшро гуфт - навор

Муаллими адабиёт ҳамагӣ се сол дарс гуфт, ки аз касби муаллимӣ танҳо хотираҳои нек дорад.

"Ман бо кӯдакон зуд забон меёфтам, ҳатто бо онҳо дӯстӣ доштам. Худи кӯдакон аз ман хоҳиш карданд, ки аз фанни адабиёт  дарси иловагӣ ташкил кунам. Мо якҷо ба эҷодиёт машғул шудем. Албатта, ин ҳама бесамар набуд: пирӯзиҳо дар олимпиадаҳо, ҷойи аввал дар озмуни "Шоҳномахонӣ"-и  ҷумҳуриявӣ, ки дар натиҷа дараҷаи муаллимии маро баланд карданд. Мутассифона, замони "рушд" ба итмом расид", - ба ёд меорад Бобоев.

Муҳоҷират сангин аст, одам дар ҳама ҷо як одам аст

Шоир соли 2013 бори аввал барои кор ба Екатеринбурги Русия меравад. Муаллими собиқ қариб ба ҳама кор даст мезанад. Аввал дар ресторане баркаш буд, пас аз шаш моҳ аз ошпазони ресторан хоҳиш мекунад, ки ба ӯ омода кардани сихкабобро омӯзонанд.

Бобоев аз соати 7-и субҳ то 6-и шом бор мекашонд. Сипас то ними шаб  пухтани сихкабобро меомӯхт. Баъд аз шаш моҳ шоири муҳоҷир ба қаҳвахонае ошпаз шуда ба кор медарояд, он ҷо як сол, то баста шуданаш, кор мекунад.

Нусратулло дар 38-солагӣ бекор мемонад. Пас аз чанд моҳи коркобӣ, муҳоҷири тоҷик дар вилояти Курган кор меёбад ва мекӯчад. Онҷо дар ошхонае ба кор шурӯъ мекунад. Ӯ тобистони соли 2016 барои гузаронидани тӯйи духтараш ба Ворух бармегардад. Баъди тӯй, ки маъмулан, ҳамёнҳои волидонро холӣ мекунад, ба Екатеренбург бармегардад. Ин дафъа толеи шоир дар ошпазӣ намехандад, ӯ фурӯшанда шуда ба кор шурӯъ мекунад.

"Зиндагӣ дар ғарибӣ дар ҳама ҷо якранг аст. Гоҳе хурсандӣ, гоҳо дилгир мешавӣ. Муҳимаш тибқи қонунгузории кишвар ҳуҷҷатҳоро бояд омода кард, сипас метавон бе мушкилӣ кор кард. Дар мавриди сокинони маҳаллӣ чизе гуфта наметавонам. Ҳама мисли ман одаманд, ҳар нафар нигоҳи хоси худро дорад. Муносибати нафаре бо ман хуб аст, нафаре дағал аст, ба нафаре дар умум фарқе надорад, ки ман кистаму аз куҷоям. Ин як чизи табиӣ аст", - мегӯяд Бобоев.

Абдулло Давлатов - Sputnik Тоҷикистон
Доктор Абдулло Давлатов: аз Тоҷикистон то Русия, аз аробакашӣ то роҳбарӣ

Ду сол пеш шоири тоҷик хонаводаашро низ ба Русия овард. Ӯ акнун ба Тоҷикистон дар 2-3 сол як бор сафар мекунад.

Муҳоҷират илҳомбахш аст

Бобоев дар ёд надорад, ки кай ба шеърнависӣ сар кардааст.

"Мавзӯъҳои шеъри ман гуногунанд. Аз табъам, атрофам ва вазъият вобаста аст. Домони шеър васеъ аст. Бояд онро дарк кард ва иброз дошт. Баъзан дар як-ду соат як шеъри калонҳаҷм менависам. Баръакс мешаванд ҳолатҳое, ки як ду мисра шеър солҳо дар дафтари машқам ба итмом норасида, саргардон мемонанд", - таъкид мекунад вай.

Зиндагии сахти муҳоҷир, ғаму мушкилиҳои вай, нобоварӣ ба фардо барои Нусратулло илҳом мебахшанд. Ӯ дар шеърҳояш аз зиндангии нобасомони муҳоҷир шиква мекунад. Аз волидону Ватанаш маъзарат мепурсад. Орзу мекунад, ки рӯзе зиндаву саломат ба Тоҷикистон баргардад.

Лентаи хабарҳо
0