ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Оҷонсии таҳлилии «Тур Стат» дар рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ -21 уми феврал даҳгонаи шаҳрҳои ҷалбкунандаи Шоҳроҳи Абрешимро интишор кард, ки миёни онҳо шаҳри Хуҷанд низ ҷой гирифтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки айни ҳол, дар шаҳри Хуҷанд барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхона бо 680 ҷойи қабули меҳмонон фаъолият дорад. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд.
“Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгории таърихӣ, 3 ёдгории археологӣ, 25 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад”, - қайд намудааст манбаъ.
Инчунин ба иттилои манбаъ, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд 6 муассисаи сайёҳӣ ба монанди ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон “Спутник”, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Саёҳати олӣ”, “Суғдиён-Помир -Тур”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур” ва Ассотсиатсияи “Зарафшон” фаъолият доранд.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2018 беш аз 64 ҳазор нафар, аз ҷумла 4,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, аз мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои шаҳр боздид намудаанд.