ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Расонаҳо Эрон навиштаанд, ки далели истеъфои вазири умури хориҷаи кишвар Муҳаммадҷавод Зариф "ноҳамоҳангиҳои протоколӣ мебошад".
Аз ҷумла, "Парс тудэй", дар истинод ба манобеи ғайрирасмӣ иллати истеъфои Зарифро тавзеҳ додааст.
"Манобеи ғайрирасмӣ иллати истеъфои Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро бархе ноҳамоҳангиҳои протоколии дафтари раисиҷумҳурӣ эълом карданд", - менависад манбаъ.
Дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хабари мувофиқати Ҳасани Руҳонӣ бо истеъфои Зарифро такзиб кардааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон шоми 25 феврал дар сафҳа Инстаграми худ навишт, ки аз мақомаш истеъфо додааст.