ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Аз сарбози 201-уми пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар вилояти Уляновски Русия маводи мухаддир пайдо карданд, иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотии Русия.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда моҳи декабри соли гузашта аз шаҳри Бохтраи Тоҷикистон барои истифодаи шахсиаш ҳашиш харидорӣ намудааст.
“Номбурда 7 декабри соли 2018 вақте, ки ба рухсати мебарояд тариқи ҳавопаймо аз Душанбе ба Самара сафар мекунад. Вай ҳашиши харидаашро миёни либосҳои шахсӣ гузошта дар борхалтааш пиҳон кардааст. Вай зимни қайди чиптаи ҳавопаймо борхалтаашро ба бағоҷ супоридааст. Замоне, ки номбурда ба Русия ворид мешавад, ҳашишро аз борхалта гирифта дар ҷайби камзӯлаш барои истифодаи баъдӣ пинҳон кардааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Инчунин мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки номбурда 8 декабри соли гузашта тариқи интернет аз шаҳри Дмитровогради вилояти Уляновски Русия ҳашиш харидорӣ намудааст. Худи ҳамон рӯз кормандони пулиси Русия сарбозро дастгир намуданду, аз ҷайбаш маводи мухаддирро пайдо намуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати сарбози мазкур, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Дар ҳоли ҳозир, парвандаи ҷиноӣ ҳоло ба додгоҳи низомии ин минтақа фиристода шуд.
Манбаъ қайд намудааст, ки аз рӯи ҷиноятҳои содиркарда, сарбоз метавонад ба даҳ соли муҷозот шавад.