Дар Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳӣ – “фото ва фито-сафарӣ” ташкил шуданд

CC BY-SA 2.0 / letsgopens87 / IMG_4138Туристы в горах Таджикистана, архивное фото
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар Тоҷикистон беш аз 35 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия шуда, пешниҳоди дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳӣ –  “фото ва фито-сафарӣ” ташкил гардиданд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Бо мақсади рушди сайёҳӣ бо дастгирии Кумитаи дахлдор аз ҷониби ширкати сайёҳии ҶДММ “Мархур” ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба гардишгарони дохилию хориҷӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду хатсайри нави сайёҳии “фото ва фито-сафарӣ” роҳандозӣ карда шуданд.

Горный комплекс Чилдухтарон (Сорок девушек) - Sputnik Тоҷикистон
10 ҷолибтарин мавзеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Хатсайри якум аз шаҳри Душанбе тавассути шаҳри Норак ноҳияҳои Данғара, Восеъ, шаҳри Кӯлоб ва Душанберо дар бар мегирад. Саёҳати мазкур 9 рӯз буда, барои моҳҳои май – сентябр пешбинӣ гардидааст.

Хатсайри дуюм аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, шаҳри Норак, мамнӯъгоҳи “Хуталон”, осорхонаи таърихӣ дар ноҳияи Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи Дарвоз, Боғи ботаникӣ, осоишгоҳи Гармчашма, қалъаи Қаҳқаҳа ва Ямчунро дар бар мегирад.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд роҳбарияти Кумита дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои кишварро муаррифӣ карда, беш аз 35 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия намуда, пешниҳоди дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон гардонидааст.

Лентаи хабарҳо
0