Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Перу намеравад: FIFA тасмимашро тағйир дод

© ФФТ ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана вернулась на Родину
Юношеская сборная Таджикистана вернулась на Родину - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи Федератсияи байналмилалии футбол - FIFA, қарор кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз менамояд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд.

Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рақами 1: ду туҳфаи футболбозони навраси тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)

“Вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд”, - иттилоъ дод манбаъ.

“FIFA дар наздиктарин фурсат мизбони дигари чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, - омадааст дар гузориши FIFA.

Қарори баргузории чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул гардид. Он замон дархости Руанда бо сабаби мушкилоти тадорукотӣ рад шуда буд. Тибқи тақвими мусобиқот, чемпионат бояд аз 5 то 27 октябр баргузор шавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби ҷавонони Англия мебошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ёдрас кард, ки тими ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0