Ҳарифони Хоҷазодаву Устопириён, Маҳмадбекову Саидҷалол маълум шуданд

© © из личного архива Комроншохи УстопириёнаУстопириён и Ходжазода выиграли золотые медали в Узбекистане
Устопириён и Ходжазода выиграли золотые медали в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин ҳарифони дзюдочиёни тоҷик дар Гранд Слами Дюсселдорф маълум шуданд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Рӯзи гузашта,22 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон мусобиқаи байналмилалии Гранд слам оид ба дзюдо оғоз гардид, ки то 24 феврал идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқа 606 варзишгар  аз 93 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок менамоянд.

"Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) ширкат мекунанд", - менависад дафтари матбуотии кумита.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-при дар Исроил аз ду ҳарифаш мағлуб шуд

Маросими қуръакашии мусобиқа шоми 21 феврал доир гардида, ҳарифони паҳлавонони тоҷикро дар даври аввал маълум шудаанд.

Беҳрӯз Хоҷазода бо Артём Хомула аз Украина, Сомон Маҳмадбеков бо Игор Вандтке аз Олмон, Акмал Муродов бо Тимо Кавелиус аз Олмон, Комроншоҳ Устопириён бо Маркус Ниман аз Шведсия ва Саидҷалол Саидов бо Ҷоаким Дварбӣ аз Шведсия гуштин мегиранд.

22 феврал қувваозмоиҳо аз рӯи категироияи вазнии -48кг, -82кг, -57кг (бонувон), -60кг, -66кг (мардон) сурат мегирад. 23 феврал паҳлавонон дар вазнҳои -63кг, -70кг (бонувон), -73кг, -81кг (мардҳо) рӯи гилем мебароянд. 24 феврал ғолибон дар вазнҳои -78кг, +78кг (бонувон), -90кг, -100кг, +100кг (мардон) маълум мегарданд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0