Об намерасад: ҳудуди 100 нерӯгоҳ дар Тоҷикистон аз кор монданд

© Сайт президента ТаджикистанаГЭС в городе Сарбанде, архивное фото
ГЭС в городе Сарбанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ин вуҷуд ва бар асоси омори расмии соли гузашта неругоҳҳои кӯчаки Тоҷикистон 33.4 миллион киловатт-соат барқ тавлид карданд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй", аз маҷмӯи 286 неругоҳи кӯчак дар Тоҷикистон ҳудуди сад воҳид аз кор монданд, ки умдаи онҳо бидуни мутолиот ва муҳосиботи илмӣ ва ҷуғрофиёӣ сохта шуда буд.

Бино бар иттилои манбаъ, камбуди манобеи обӣ дар фасли зимистон ва ихтисоси об ба масрафи бахши кишоварзӣ дар тобистон аз дигар иллатҳои аз кор мондани ин неругоҳҳо аст.

Бо ин вуҷуд ва бар асоси омори расмии соли гузашта неругоҳҳои кӯчаки Тоҷикистон 33.4 миллион киловатт-соат барқ тавлид карданд.

Дар маҷмӯъ низ дар соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз 19.7 миллиард киловатт-соат барқ тавлид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0