ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 феврал дар суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳбарони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хитоб намудааст, ки бо сарбозон мисли фарзандони худ муносибат кунанд. Суханронии раисҷумҳурро дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.
"Роҳбарони ҷузъу томҳо бояд ба сарбозон мисли фарзандони худ муносибат намоянд. Шумо - афсарон дар тарбияи ватандӯстӣ бояд намунаи ибрати дигарон, бахусус, сарбозон бошед ва кӯшиш кунед, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд гардад", -таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур афзудааст, ки вазифаи афсарон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ тарбия кардани сарбозон мебошад.
"Ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон бошад", - изҳор доштааст перзидент.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудааст, ки дар раванди тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман, интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниро дар байни ҳайати шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
"Тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд", - гуфтааст кишвардор.