ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Кормандони милитсия шаҳри Душанбе зани 30-солаи сокини кӯчаи Маяковскийро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 21-уми феврали соли равон, тахминан соати 10:40-дақиқа, хонаи истиқоматии писари амакашро дар кӯчаи С.Шерозӣ ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 27-сола ва зани 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит муҳайё намудааст.
“Барои ин иқдом шахси мазкур аз марди 27-сола 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, -таъкид намудааст манбаъ.
Кормандони милитсияи пойтахт дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.