Дар Хуҷанд баъд аз 7 сол майдони ҳудуди Маҷмааи Исмоили Сомонӣ таъмиру таҷдид мешавад

© Сайт мэрии города ХуджандПамятник Исмоилу Сомони в Худжанде
Памятник Исмоилу Сомони в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд майдони ҳудуди Маҷмааи Исмоили Сомонии шаҳр таъмиру таҷдид мешавад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бо иқдоми роҳбарияти шаҳри Хуҷанд бо гузашти зиёда аз 7 сол бори аввал майдони ҳудуди Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳр таъмиру таҷдид мешавад, иттиллоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Противолавинный тоннель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони реҷаи ҳаракат дар масири Душанбе – Хуҷанд

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин майдон аз ҷониби пудратчӣ ширкати “Юсуф2016” корҳои таъмиру азнавсозии пайроҳа ва сафолаку мармари зинапояҳои маҷмаа, ки кӯҳнаву фарсуда шудаанд, мавриди азнавсозӣ қарор гирифтааст.

“Таъмиру таҷдид ва азнавсозии ноқилҳои чароғи фаввораҳои Маҷмаа аз ҷониби муассисаи “Чароғонкунӣ”-и шаҳр бомаром идома дорад. Корҳо ибтидои моҳи феврал оғоз гирифта, интизор меравад, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон анҷом пазирад. Ва то мавсими истироҳату фароғати шаҳрвандон баистифода дода мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад”, таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки пайкараи бошукўҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Исмоили Сомонӣ 6-уми августи соли 2011 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта буд.

Современные остановки в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи истгоҳҳои замонавӣ бо арзиши 300 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд

Ин пайкараи офаридаи ҳайкалтарош ва гудозгари бадеӣ Мансур Ҳоҷибоев буда, аз металли ранга сохта шудааст. Баландии худи пайкара 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метр мебошад. Нишони дасти Исмоили Сомонӣ ва тоҷи сараш бо оби тилло рўпўш гардидааст.

Маълумоти деворнигораҳои ду паҳлўи зинапояҳо ва 4 паҳлўи таҳкурсии пайкара аз ташкилёбӣ ва таърихи давлати Сомониён мухтасар ҳикоят мекунанд.

Дар атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ 5 фаввораи гуногун бо ҳамсадоии мусиқии форам кор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0