ВКД ва раиси шаҳри Исфара ба пирамарди 95-сола замини наздиҳавлигӣ тӯҳфа карданд

© Вазорати умури дохилаи ТоҷикистонҶудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба собиқадори мақомот дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ
Ҷудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба собиқадори мақомот дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи таҷлили Рӯзи артиши миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба як собиқадори мақомот замини наздиҳавлигӣ ҳадя карданд. Пирамард, ки 95 сол доштааст, аз сардори Раёсати ВУД дар Суғд замин хоҳиш карда будааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикстон хабар дод, ки дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ ба як собиқадори мақомот замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, иштирокдори Ҷанги бузурги Ватанӣ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Қаюмов Абдувалӣ, сокини ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара зимни аёдат шуданаш аз тарафи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо дар арафаи соли нави мелодии 2019 аз роҳбарияти милитсияи Суғд ҷиҳати мусоидат ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуда буд.

"Бо гузашти наздик ду моҳ эҳтиёҷи собиқадор бо дастури раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷовиддин амалӣ гардид", - менависад манбаъ.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: бознишастае ба телефонӣ боварӣ занг зада, аз Раҳимзода сипосгузорӣ кард

Санаи 20-уми феврал ба муносибати Рӯзи артиши миллӣ собиқадори 95-солаи мақомоти корҳои дохилиро сардори Раёсат Назарзода Қудратулло Бобо ва раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷовиддин аёдат намуда, дар баробари кӯмак дар намуди маҳсулоти ниёзи рӯзмарра ба ӯ "Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ" яъне сертификати замини наздиҳавлигиро супоридаанд.

Қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 400,00 м.кв дар ҳудуди шаҳри Исфара, деҳоти Хонобод, деҳаи Заркӯҳ наздик ба манзили истиқоматии иштирокчии ҶБВ Абдувалӣ Қаюмов ҷойгир аст.

"Пирамард аз туҳфаи ногаҳонӣ хело хушҳол гардида, аз номи пайвандон бори дигар дар шахсияти сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара ба сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати мамалакат изҳори сипос намуд. Ва аз ёддоштҳояш аз ҷабҳаи ҷанги хонумонсӯз, фаъолияти 32-сола дар сафи мақомоти милитсия, собиқаи меҳнатии баъди нафақа ба меҳмонон нақл намуд", - афзудааст дафтари матбуоти ВКД.

Дар сохтори мақомоти милитсияи вилояти Суғд имрӯзҳо аз иштирокчиёни ҶБВ танҳо Абдувалӣ Қаюмов дар ҳаёт будааст.

Лентаи хабарҳо
0