ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилоияи Бонки миллӣ, ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд, аз ҷумла 1 доллари ИМА аз 9,4384 то 9,4400 сомонӣ, 1 евро аз 10,6700 то 10,7000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0,1433 то 0,1450 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод огоҳ кардааст, ки бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди асъори хориҷӣ дар кишвар, аз ҷумла доллар гила доранд. Ниёзмандони доллар, ки бештарашон интиқолдиҳандагони бор аз хориҷи кишвар мебошанд, изҳор медоранд, ки бо вуҷуди навбатпоӣ имкон надоранд, ки доллар бихаранд, то бар ивазаш аз хориҷ бор ворид кунанд.