Шӯрои машваратии Эмомалӣ Раҳмон ва гузориши Ҳамрализода, Қаҳҳорзода ва Нуриддин Саид

Обуна шудан
Таҳти раёсати раисҷумҳур Ҷаласаи 19-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар он чанде аз масъулини кишвар гузоришҳояшонро пешниҳод карданд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Имрӯз, 20 феврал таҳти раёсати раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи кишвар дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуд.

Аз рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ  Котиби масъули Шӯро ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода гузориш додааст.

Новые цеха производства полипропиленовых мешков на заводе в Яване  - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ дар 1 сол чӣ кард?

Ҳамрализода дар бораи ба роҳ мондани сабти электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва рақамикунонии бойгониҳо, роҳандозии тартиби мустақими бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ ва андозҳо дар низоми “онлайн” бо истифода аз корти миллӣ, ВИЗА ва МАСТЕРКАРД, фаъол гардидани Системаи электронии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ барои бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ва қабули бастаи қонунҳо дар доираи ислоҳоти низоми созишҳои таъминшуда, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумрук бо пешниҳоди дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳо барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ иттилоъ додааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин оид ба натиҷаҳои таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда пешниҳод гардид.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм гузориш дод.

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонИштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Шӯрои машваратии Эмомалӣ Раҳмон ва гузориши Ҳамрализода, Қаҳҳорзода ва Нуриддин Саид - Sputnik Тоҷикистон
Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Дар ҷаласа, инчунин Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод, Роҳбари  Намояндагии  Барномаи рушди СММ, Пратибҳа  Меҳта,  Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс, Намояндаи Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон, Лючиано Колестини, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Нигина Икромова, аъзои Шӯрои машваратӣ аз бахши хусусӣ, Директори ҶДММ “Беҳамто” Исломиддин Ҳакимов, Директори Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Раҳнамо” Ҳакимниё Илҳомиддин иштирок ва баромад кардаанд.

Раисҷумҳур ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

Лентаи хабарҳо
0