Вазир дар бораи ҷоиз будани роҳбарии якҷояи аъзои 1 оила ва манъи кори тӯлонӣ дар 1 вазифа

© Амир ИсаевРамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, кори аъзои як оила дар як вақт дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳеч муғойират бо қонунгузории кишвар надорад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суол, ки оё зану шавҳар, аъзои як оила метавонанд дар як вақт дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият кунанд, гуфт, бале агар лаёқатманд бошанд.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
"Модар фаришта буд": шеъри Рамазон Раҳимзода дар пайравии Озар Салим

“Агар коргари хуб бошад, бигузор. Фарзандаш ҳам бошад, худаш бошад кор кунад. Ягон қонун манъ кардагӣ нест. Агар лаёқатманд бошад, кор дар вазифаи роҳбариро ягон қонун манъ накардааст”, - посух дод вазири умури дохилӣ.

Дар мавриди дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки кормандони мақомот набояд зиёда аз 5 сол дар як вазифа фаъолият кунанд, гуфт дар ниҳоди тобеяш ҷойивазкунӣ мунтазам сурат мегирад ва афроде, ки зиёда аз 5 сол дар як вазифа кор мекунанд, зиёд нестанд.

“Ҷой иваз карда истодаем. Ҷойивазкунӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, пешгирии кирдори коррупсионӣ мебошад”, - тавзеҳ дод Раҳимзода.

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Саҳми генерал-полковник Раҳимзода дар таъмини Хоруғ бо об

Ӯ дар ҳузури хабарнигорон боз дастур дод, ки ин масъала зери назорат гирифта шавад ва агар ҳолати кори тӯлонӣ дар як вазифа ҷой дошта бошад, ислоҳ карда шавад.

Ахиран Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар соли 2018, 62 ҳолати ба истиллоҳ “хешутаборчигӣ” дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст

Тибқи иттилои Ожонс, бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда манъ мебошад.

Манбаъ афзуд, ки 62 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шуда, барои бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ карда шудааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Гадоев дигар генерал нест: Раҳимзода гуфт, ӯ гурехту амволаш гирифта шуд

Бар асоси қонуни мазкури Тоҷикистон, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.

Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0