Ба гуфтаи Олимӣ солҳои ахир Кумитаи кор бо занон ва оилаи бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик равобити хуб ба роҳ мондааст.
“Мо бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо занон дар шаҳрҳои гуногуни Русия вохӯрӣ гузарондем”, - таъкид намуд Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ.
Ва қайд намуд, ки Кумита ба занон муҳоҷири тоҷике, ки ба Ватан бармегарданд кумак мерасонад.
“Мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки раванди баргашти занони муҳоҷир хориҷ аз кишвар зиёд шудааст. Ма ба занон кумаки ҳуқуқӣ мерасонем ва бо кумаки Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон занонро ба кор таъмин менамоем. Азбас ки ин ба ваколати мо дохил намешавад, мо занонро барои ҳалли мушкилоташон ба дигар вазорату идораҳо равон мекунем”, - афзуд Олимӣ.
Ба гуфтаи вай, занони тоҷик имрӯз бо се мушкилии асосӣ, аз ҷумла одатҳои рафтор бо онҳо ва хушунат дар оила рӯ ба рӯ мешаванд.
Барои беҳтар намудани зиндагии занон бояд қонунгузории ҷорӣ иваз карда шавад. Ба ҳамин хотир соли гузашта дар назди Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.