ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар Маскав дар заминаи мактаби якшанбегии назди калисои Евфросиняи Маскав мактаби омӯзиши забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон кушода шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Колисои православии рус.
Дар ин колисо кудакони то мактабии муҳоҷиронро забони русӣ омӯзонда ба мактаб тайёр мекунанд. Дар ин ҷо муалимони касбӣ, нутқшиносон ва ризокорон ба кӯдакон дарс мегӯянд. Алҳол 16 кӯдак дар се гуруҳ мувофиқи сину сол ба омӯзиш ҷалб шудаанд.
Дарсҳои кӯдакон бо ёрии Маркази кумаки муҳоҷирони “Рядом дом”, ки аз тарафи комиссияи таблиғотии назди шӯрои Епархиалии Маскав ба роҳ монда шудаанд.
“Барои мо муҳим аст ба муҳоҷироне, ки нисбати мардуми маҳали нигоҳи манфӣ доранд нишон диҳем, ки чӣ гуна аст руси праваслави ҳақиқӣ, ва чихел онҳо зиндагӣ мекунанд”, - гуфт ташкилкунандаи Маркази ёриии иҷтимоии муҳоҷирони “Рядом дом” Дионисий Гришков.
Ба кудакон 6 омӯзгори касбӣ ва як нутқшинос дарс мегӯянд.