Донишҷӯдухтари 20-сола зери “Мерседес” монду ҷон дод

© Sputnik / Владимир ВяткинМерседес, архивное фото
Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ҳудуди ноҳияи Вахш хабар дод, ки дар пайи он донишҷӯдухтари 20-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 18-уми феврали соли 2019, тахминан соати 12:45, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти Панҷи-поён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Дар натиҷа пиёдагард, Ҳомидова Рӯзигул Қурбонбековна, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 1-уми Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, сокини ноҳияи Рӯдакиро зер намудааст.

ВУД афзуд, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

“Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад”, - таъкид кардааст ВУД.

Лентаи хабарҳо
0