Тӯҳфаҳои “Поле чудес”-ро дар анҷоми барнома кӣ мехӯрад? – навор

Обуна шудан
Дар шабакаи аввали телевизиони Русия чӣ гуна, дар анҷоми барнома "ҳалу фасл" кардани тӯҳфаҳои “Поле чудес”-ро намоиш доданд

Мувофиқи анъана иштироккунандагони “Поле чудес” ба барандаи барнома Леонид Якубович тӯҳфаҳои худро аз ҳар гӯшаи Русия ва дунё пешкаш мекунанд.

Дар навор маълум мегардад, ки тӯҳфаҳоро аз ҷойҳояшон намегиранд ва иштироккунандагони барнома метавонанд аз хӯришҳо истифода бурда бо худ ҳам бигиранд.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин навор мароқи зиёд зоҳир намуданд. Баъзеҳо бо дидани ин навор изҳор доштаанд, ки рафтори иштироккунандагони барнома боиси ханда аст, аммо баъзеи дигар бар онанд, ки ин барнома тӯлонӣ аст ва онҳо гурусна мемонанд.

Муддати солҳои дароз бинандагони ин барнома бори аввал дидаанд, ки чӣ гуна тӯҳфаҳои хӯришии ин барнома истифода бурда мешаванд. То ин дам одамони зиёд бо ҳиси кунҷкови мехостанд фаҳманд, ки ин хӯришҳо куҷо мешаванд.

Бояд қайд кард, ки барномаи “Поле чудес” дорои осорхона буда, туҳфаҳои ашёии иштироккунандагон дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд.

Осорхонаи тӯҳфаҳои шоу-барномаи “Поле чудес” соли 2001 сохта ба истифода дода шудааст, аммо таҳрезии он алакай дар солҳои 90-уми асри гузашта пешбинӣ шуда буд.

Дар осорхона қутии авалини барномаи “Поле чудес”, костюми Леонид Якубович аксҳои гуногуни ӯ бо иштирокчиён ва дигар тӯҳфаҳоро вохӯрдан мумкин аст. Ин осорхона дар бинои “Марказии” Маркази намоишии умумирусиягӣ ҷой дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0