Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Обуна шудан
Қирғизистон айни ҳол барои сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҷаниш Рустамбеков, сафири навтаъини Қирғизистон дар Тоҷикистон ин нуктаро дар мулоқот бо Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон баён дошт. Сафир дар посух ба дархости вазири тоҷик барои ҳалли масоили сохтмони роҳи Ваҳдат - Лахш- сарҳади Қирғизистон, зарур хондааст, ки бархе чунин масъалаҳои ҳалталаб дар сатҳи роҳбарони ду кишвар баррасӣ гарданд.

Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Мушкилӣ дар марз бо Қирғизистон: шарҳи Каримзода дар бораи воридоти бозичаҳои пастсифат

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, вазир аз таъхири бархе расмиёти марбут ба роҳи Ваҳдат - Лахш- сарҳади Қирғизистон зикр карда, аз ҷониби кишвари ҳамсоя хостори тезонидани онҳо шудааст.

“Сохтмон ва мавриди истифода қарор додани роҳи мазкур ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар мусоидат мекунад. Чунон ки маълум аст, интиқолдиҳанда ҳамавақт роҳи кутоҳтарро интихоб менамояд”, - изҳор доштааст вазир.

Сафир зарур донистааст, ки чунин масъалаҳо дар зимни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ва мулоқоти сатҳи олӣ, ки айни ҳол омодагӣ ба он ҷараён дорад, баррасӣ гарданд.

“Хуб ме­шуд агар ин гуна масоили ҳалталаб зимни ташрифи мазкур баррасӣ гардида, миёни сарони давлатҳо муҳокима гарданд”, - афзуд ӯ.

Рустамбеков бидуни зикри санаи сафар таъкид намудааст, ки он барои густариши ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад буд.  

Лентаи хабарҳо
0