Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Данғара

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бархурди ду мошин дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара чаҳор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара чаҳор нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Биноӣ бар иттилои манбаъ, рӯзи 17-уми феврали соли равон, ронандаи автомашинаи”ВМВ-3181”, Маҷидов Абдуғаффор Ҳакимович, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи шаҳрванд, Холматов Ҷаҳонгир Умурзоқович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Гулафшони ноҳияи Данғара, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Норак ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Пробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати ронандаи "Мерседес" дар пайи садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

“Дар натиҷа, ронандаҳои воситаҳои нақлиётӣ: Маҷидов А.Ҳ. ва Холматов Ҷ.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи “ВМВ-3181” буда, шаҳрванд Назарова Зебуниссо, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор ва мусофири дар дохили автомашинаи “Мерседес Бенс” буда, шаҳрванд Сулаймонов Илҳом Баротович, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 

Ҳамчунин мусофири автомашинаи “Мерседес-Бенс” шаҳрванд, Эшмуродов Нурмаҳмад Қулмаҳмадович, соли таваллудаш 1990 ва мусофири автомашинаи “ВМВ-3181” шаҳрванд Азимова Сайлигул Саидовна, соли таваллудаш 1988, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0