Раиси вилоят дар бинои ҳукумат ниҳолшинонӣ кард

© Дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти СуғдРаиси вилояти Суғд ниҳолшинонӣ кард
Раиси вилояти Суғд ниҳолшинонӣ кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилоят зимнан ба мутахассисону боғдорон дастур дод, ки ба нигоҳубини ниҳолҳо ва гулҳои ҳудуди бино таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, корҳои хуррамгардониро минбаъд низ тақвият бахшанд

ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд аз маъракаи ниҳолшинонӣ дар саҳни бинои ҳукумати вилоят хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин маърака бо ширкати бевоситаи раиси вилот Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифтааст.

"Дар идомаи корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд", - менависад манбаъ.

Раиси вилоят зимнан ба мутахассисону боғдорон дастур додаст, ки ба нигоҳубини ниҳолҳо ва гулҳои ҳудуди бино таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, корҳои хуррамгардониро минбаъд низ тақвият бахшанд.

Аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар саҳн ва гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наздик 500 бех ниҳолҳои ороишӣ ва 60 ҳазор дона тухмии гулҳои гуногун, аз ҷумла гули лола шинонида шудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0