ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар навори 14-дақиқаӣ, ки сомонаи ВУД Тоҷикистон нашр кардааст, Гадоев суҳбатро аз он оғоз кард, ки бо хоҳиши худ баргашт ва муборизаҳояш дар Русия ва Аврупо хато будаанд.
“Шояд изҳороти ман имрӯз шубҳаовар бошад. Аммо дар ҳақиқат ман бо дастгирӣ ва ёрдами Вазорати корҳои дохилӣ баъди 6,5 соли муҳоҷират ба Ватан баргаштам. Дарк кардам, он муборизаҳоям дар Русия ва Аврупо хато будаст, он маълумоте, ки ба мо расондаанд манбаъҳои он қадар дуруст нестанд”, - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, имрӯз таҳлил карда, фаҳмидаст, ки дар ҳақиқат иқтисоди Тоҷикистон пеш рафта истодааст ва бидуни бурдани ном аз фаъолияти роҳбарияти ҷавони Душанбе ва кишвар тавсиф кард.
“Дар кӯчаҳо гаштугузор кардам, воқеан ободиҳо вуҷуд доранд, роҳбарияти шаҳр кор карда истодааст, насли ҷавон аст ва қобили дастгирист. Худи роҳбарияти кишвар ҳам дар баромадҳояшон мегӯянд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Дар ҳақиқат ҷавонон имрӯз дар атрофи роҳбарияти шаҳр ҷамъ омадаанд”, - илова намуд ӯ.
Вай дар шарҳи тасмими бозгашташ инчунин гуфт, “аз оне, ки аз дур меистем, баъзе воқеиятҳоро ба мо дигар хел мерасонанд, қарор кардем, ба Ватан биёем ва ҳар фикру мулоҳизае, ки дорем дар Ватан ошкор баён кунем ва пешниҳодҳои худро расонем”.
Гадоев изҳор дошт, ки бо ваъдаи шароити фаъолияти сиёсӣ баргаштааст ва таъкид намуд, ки нақша дорад, корҳои сиёсияшро идома диҳад.
“Фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар озод ҳастанд. Имрӯз ки омадем, бо ваъдаи фаъолияти сиёсӣ пеш бурдан дар кишвар. Аз ин афви мавҷуда истифода кардем. Дар ҳақиқат ин афв вуҷуд дорад, мо умед дорем, роҳбарияти кишвар ва мақомоти қудратӣ хатоии моро мефаҳманд. Аз бузургон бахшиш мепурсем, ҷавонон ҳамеша хато мекунанд, бузургон барои он астанд, ки хатогиҳои ҷавононро ислоҳ кунанд. Мо аз ҷумлаи он ҷавонҳоем, ки хато кардем”, - иқрор кардааст ӯ.
Вай илова намуд, ки вақтҳои охир мо, мехостем, ки ба Ватан баргардем, байни мақомоти қудратӣ як чунин гуфтушунидҳо вуҷуд дошт.
“Ба хотири он ки раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ба мо воқеиятҳоро дигар мегуфт ва кӯшиш мекард, моро таҳти фишори худ нигоҳ дорад. Имрӯз мо дарк кардем, он роҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ моро тела медиҳад, албатта хато аст. Дар ҳақиқатан аз хориҷи кишвар истода, коре барои Тоҷикистон кардан ғайриимкон аст. Мо умед дорем, ки дар Тоҷикистон имконият барои ҷавонон хеле зиёд аст”, - таъкид кард Гадоев.
Ин фаъоли сиёсӣ аз ҳамаи дӯстон ва ҳамақидаҳои худ даъват намудаст, ки ба Тоҷикистон биёянду воқеиятҳоро бинанд.
“Ман боварӣ дорам, роҳбарияти кишвар чандин бор бахшиданд, мебахшанд. Мо албатта ҷавонон бехато нестем. Баъзан дар фиреби бархе, ба мисли Муҳиддин Кабирӣ меафтему роҳи худро гум мекунем”, - гуфт Гадоев.
Вай илова намуд, ки дар Ватан фаъолияти сиёсии худр идома медиҳад: “Дар Тоҷикистон фаъолияти сиёсии худро идома медиҳем, фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон мебарем, кӯшиш мекунем, саҳми худро дар ояндаи Тоҷикистон расонем”.
Ӯ аз ҷанги шаҳрвандӣ зикр карда, афзуд, ки Ҳизби наҳзат дар он даст дошту ба қатли шаҳрвндон машғул будааст.
“Имрӯз ҳам мехоҳанд ҷавононро гирди худ ҷамъ биёранд ва ба хотири ноором кардани вазъи Тоҷикистон талош варзанд. Махсусан боз ҳамин бачаҳое, ки аз Кӯлоб ҳастанду аз ҳамин ҷоҳо ҳастанд, болои инҳо диққати зиёд дода мешавад. Бачаҳое, ки дар мубориза то охир мераванд, ба доми худ афтонанду ба сафи худ ҷалб намоянд. Боварӣ дорам ҷавонон ба ин фиреб дода намешаванд. Шунидан кай бувад монанди дидан”, - афзуд Гадоев ва ҷавононро ба Ватан даъват кард.
Ӯ таъкид намудааст, ки аз ҷониби мақомоти қудратӣ ҳам нағз пазируфта шуда, таҳти ҳеч шиканҷа ва зӯроварӣ қарор нагирифтааст. Вай илова намуд, ки набояд дигар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро такрор кунем, бо роҳи мусолиматомезу пешниҳодҳо пешрафти кишварро таъмин кунем.
“Худам аввал баргаштам ва кӯшиш мекунам, ки зану фарзанду хонаводаи худро низ ба Тоҷикистон баргардонам”, - изҳори ният кард ӯ.
Гадоев инчунин бозгашти Айёмиддин Сатторов, Иброҳими Назар ва дигар аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро зикр карда, даъват намудааст, ки дигарон ҳам баргарданд, чун боварӣ дорад роҳбарияти кишвар мебахшад. Ӯ инчунин бидуни бурдани ном афзуд, ки имрӯз бо роҳбарият мулоқот дошт.
“Шумо хуб медонед, ки ман чиҳо гуфтам нисбати роҳбарият. Ман бо онҳо имрӯз вохӯрдам, воқеан онҳо ҳамин хел шахсиятҳое ҳастанд, ки ба бузургии худашон имрӯз қоил карданд ва ҳатто ёдовар ҳам нашуданд, ки шумо нисбати мо ин ё он гуфтед. Воқеан як самимият вуҷуд дошт. Воқеан афв вуҷуд дошт. Баргардед, ин ба фоидаи ҳамаи мою шумо ба фоидаи миллат аст”, - изҳори боварӣ кард ӯ.
Дар охири навор Гадоев бори дигар намудааст, ки ба Тоҷикистон ихтиёран худаш баргаштааст.
“Ба Тоҷикистон худам омадам, касе маро маҷбуран наовардааст. Бубинед дар як фазои озод ҳастаму суҳбат карда истодаам. Касе маро ба додани интервю даъват накардааст, худам хоҳиш кардам, чун зарурати онро мефаҳмам. Шояд ҷавонони дигар ҳам хатоии худро фаҳманду ба назди падару модарашон баргарданд”, - таъкид кард Гадоев.
Ин дар ҳолест, ки Паймони миллии Тоҷикистон, созмони мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Гадоев ихтиёран барнагаштааст, балки "рабуда" шудааст. Худи Гадоев дар навори нашршуда чанд бор ин иддаоро рад карда, ба дигарон низ маслиҳат додааст ба Ватан баргарданд.